294 likes | 701 Views
Олудашавии муҳити зист<br>Муаллиф: Саидов Аюбҷон
E N D
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШКАДАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН Мавзӯъ: Олудашавии муҳити зист Иҷрокунанда: Саидов Аюбҷон Қабулкунанда: Саидов Мурод Душанбе - 2015
Муҳити зист чист? Ҳамаи он чизеро, ки инсон ва дигар мавҷудоти зиндаро иҳота карда, бевосита ё бавосита ба ҳаётгузаронии онҳо таъсир мекунад, МУҲИТИ ЗИСТ меноманд.
Шаклҳои муҳити зист Дар курраи Замин 4 шакли муҳити зист мавҷуд аст:
Вобастагии саломатии инсон аз муҳити зист Муайян шудааст, ки 40%-и саломатии инсон ба муҳити зист, 50% ба худи шахс ва танҳо 10% ба илми тиб вобастагӣ дорад.
Қонун дар бораи “Ҳифзи муҳити зист” Дар Тоҷикистон бо мақсади аз олудашавӣ ё ин ки ифлосшавӣ муҳофизат намудани муҳити зист соли 2011 қонун дар бораи “Ҳифзи муҳити зист” қабул шудааст. Дар ин қонун таъсири олудашавии муҳити зист ба организмҳои зинда нишон дода шуда, роҳҳои аз олудашавӣ муҳофизат намудани об, ҳаво, замин ва дигар унсурҳои табиат муайян шудааст.
2 роҳи олудашавии муҳити зист Муайян шудааст, ки муҳити зист ҳам бо роҳи табиӣ ва ҳам бо роҳи сунъӣ олуда мешавад.
Бо роҳи табиӣ олудашавии муҳити зист Бо роҳи табиӣ олудашавии муҳити зист дар натиҷаи ҳодисаҳои гуногуни табиӣ ба амал меояд. Махсусан дар натиҷаи кам шудани ҷангалзорҳо, нодуруст истифода бурдани замин ва дигар амалиётҳои инсоният ба зиёд шудани ҳодисаҳои табиӣ: селфароӣ, кандашавии кӯлҳо, заминларза ва ғайра оварда мерасонад.
Бо роҳи табиӣ олудашавии муҳити зист Обхезӣ ё шусташавии қабати ҳосилхези замин. Эрозияи обӣ.
Бо роҳи табиӣ олудашавии муҳити зист Тавассути шамол пароканда шудани қабати ҳосилхези замин. Эрозияи шамолӣ.
Бо роҳи табиӣ олудашавии муҳити зист Ҷопон, соли 2011
Бо роҳи табиӣ олудашавии муҳити зист Обхезӣ дар Тбилиси. Назди яке аз боғҳои ҳайвонот.
Бо роҳи сунъӣ олудашавии муҳити зист Бо роҳи сунъӣ олудашавии муҳити зист дар натиҷаи фаъолияти гуногуни инсоният ба амал меояд: заводҳо, фабрикаҳо, нақлиёт ва дигар корхонаҳое, ки инсон онҳоро месозад, ба амал меояд.
Бо роҳи сунъӣ олудашавии муҳити зист Ғутта задани табиат ба партовҳои инсонӣ.
Бо роҳи сунъӣ олудашавии муҳити зист Муайян шудааст, ки бештар аз 70%-и иифлосиҳо ва газҳои заҳрнокро ба муҳити зист нақлиёт мебарорад.
Бо роҳи сунъӣ олудашавии муҳити зист Мошини ҳозиразамон ҳангоми 1000км ҳаракат кардан, меъёри яксолаи оксигени як шахсро сарф мекунад.
Бо роҳи сунъӣ олудашавии муҳити зист Дар натиҷаи зиёд шудани газҳои заҳрнок дар таркиби ҳаво, ин газҳо бо буғи оби дар атмосфера буда якҷоя шуда, кислота пайдо мешавад ва ин кислотаҳо ба тарақи боронҳои кислотагӣ ба муҳити зист баргашта, таъсири манфии худро мерасонад.
Бо роҳи сунъӣ олудашавии муҳити зист Протсесси бавуҷудоиӣ боронҳои кислотагӣ.
Олудашавӣ аз рӯи давомнокӣ ва миқёси паҳншавӣ
Олудашавӣ аз рӯи давомнокӣ ва миқёси паҳншавӣ Ифлосшавии муввақатӣ дар як муддати муайян амал карда, баъдан безарар мегардад. Ифлосшавии доимӣ дар муддати доимӣ – аз 5 то 100 сол идома меёбад. Масалан садамаи Чернобил. Ифлосшавии минтақавӣ ва маҳаллӣ дар ҳудуди як, ду ё якчанд маҳалла ба амал меояд. Ифлосшавии берунисарҳадӣ – олудашавии дарё, ҳаво, ки сарҳади якчанд давлатро убур мекунад. Ифлосшавии глобалӣ – олудашавие, ки қисми зиёди сайёраро дар бар гирифта бошад.
Олудашавӣ аз рӯи аз манбаъҳо ва навъҳои ифлосшавӣ м/з. – муҳити зист
Олудашавӣ аз рӯи аз манбаъҳо ва навъҳои ифлосшавӣ Ифлосшавии химиявӣ дар натиҷаи тағйирёбии хосиятҳои табии муҳити зист, ҳангоми ба он дохил шудани моддаҳои гуногуни химиявӣ ба амал меёбад. Ифлосшавии биологӣ дар натиҷаи зиёдшавии микроорганизмҳои алоҳида, ки оварандаи ҳар гуна касалиҳо мебошанд, ба амал меёбад. Ифлосшавии физикавӣ дар дар натиҷаи аз меъёр зиёдшавии хосияти ҳароратию энергетикӣ, мавҷӣ, радиатсионӣ ва дигар хосиятҳои физикӣ мебошад.
Миқдоран зиёд шудани партовҳо Пешравии истеҳсолот, зиёдшавии корхонаҳо, нақлиёт сабабгори ба муҳити зист зиёд шудани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ гардидааст. Дар айни замон қисми ниҳоят ками ин гуна партовҳо барои истеҳсоли дубора қарор гирифтаанд.
Ҳифзи табиат – вазифаи инсонист. Яке аз вазифаҳои муҳими инсоният ин ҳар чӣ камтар ба муҳити зист баровардани партовҳо, бзезараргардонии партовҳо ва дубора коркард кардани онҳо ба ҳисоб меравад.