1 / 28

Авасто ва дини Зардуштӣ

Авасто, дин, зардушти

AUBJON
Download Presentation

Авасто ва дини Зардуштӣ

An Image/Link below is provided (as is) to download presentation Download Policy: Content on the Website is provided to you AS IS for your information and personal use and may not be sold / licensed / shared on other websites without getting consent from its author. Content is provided to you AS IS for your information and personal use only. Download presentation by click this link. While downloading, if for some reason you are not able to download a presentation, the publisher may have deleted the file from their server. During download, if you can't get a presentation, the file might be deleted by the publisher.

E N D

Presentation Transcript


  1. АВАСТО ВА ДИНИ ЗАРДУШТӢ ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШКАДАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН Иҷрокунанда: Саидов Аюбҷон. соли 2015.

  2. АВАСТО • Авасто боқимондаи сурудҳо, достонҳо, ривоятҳо ва гуфтаҳои бузургони гузашатаи мо мебошад, ки таърихи бисёрҳазорсолаи ориёиҳоро таҷассум менамояд.

  3. АВАСТО • Авасто маҷмӯаи маълумотҳои динӣ, фолклорӣ, ҷуғрофӣ, астрономӣ, биологӣ, ботаникӣ, табиатшиносӣ, тиббӣ, фалсафӣ, адабӣ, шеърӣ ва таърихист.

  4. МАТНИ АВАСТОӢ Аз афсонаи Ҷамшед

  5. МАЪНОИ АВАСТО Чандон равшан нест. Лекин дар бисёр адабиётҳои паҳлавӣ ҳамчун “асос”, “моҳият”, “таҳкурсӣ” дида мешавад.

  6. ЗАБОНИ АВЕСТОӢ Яке аз қадимтарин вамухимтаринзабонҳои қадими эронӣ ба шумормеравад. Аз сабаби ба ин забонэҷод гардиданиАвестоонрозабониавестоӣ меноманд.

  7. НАХУСТИН БОР Авесто дар замониДорои I (522-486 пеш аз милод) таҳрир гардида, ба қайди китобатдаровардашуда буд. Аммо аз он таҳхрир то замони мо осоренамондааст.

  8. Бинобар маълумоти китоби паҳлавии Шаҳристонҳои Эрон бо фармони шоҳ Виштосп Зардушт Авесторо дар 12000 пусти гов бо хати тилло навишта, онро дар хазинаи оташкадаи шоҳаншоҳӣ ҷой дода буд. Он вақт Авесто ба 1200 фрагард, яъне ба 1200 боб ҷудо мешуд.

  9. ИскандариМақдунӣ соли 331-и қабл аз мелодҳангоми истилои Форс он нусхаросӯзонда, хокистарашро ба об партофт

  10. НУСХАИ ДИГАРИ АВАСТО дар тахтачаҳои тилло навишта шуда буд. Онро Искандари Мақдунӣ ба ватани худ бурда, матнашро ба юнонӣ тарчума кунонд.

  11. ЗАНД • Ниҳоят, дар охирҳои аҳди Хусрави Парвиз (590-628) таҳрири тозаи Авесто ба майдон омад, ки он Занд, яъне шарҳу тафсир номида шуд.

  12. ҚИСМАТҲОИ АВАСТО • Нусхаи кадимтарини тахрири дуввуми Авесто, ки соли 1278 рунавис шуда, то замони мо боқи мондааст, чоряки таҳрири сосонии онро фаро гирифта, тамоми илми авестошиносӣ ва дониши инсоният дар хусуси ин ойин дар пояи ҳамин таҳрири Авесто қарор гирифтааст. Ин таҳрир ба панҷч бахши мустақил ҷудо шуда, тақрибан ховии 83 ҳазор калима аст. Ин бахшҳо чунин ном доранд:

  13. ЯСНО • Ясно (Йасна), ки маънояш гиромӣ доштан, ситоиш ва парастиш буда, вожаи ҷашни имрузаи тоҷики низ аз он реша ба вуҷуд омадааст. Қисми муҳими Ясно аз Готҳо, яъне сурудҳо ва гимнҳое иборат аст, ки дар Авестои мавҷуда қисмати аз ҳама қадимтарин мебошад.Зардушт эҷодгари Готҳо дониста мешавад.

  14. ЯШТҲО • Яштҳо (Йаштҳо) аз ҷиҳати мазмун ва сабк ба Ясно рақобат доранд. Аммо Фарқи асоси он аст, ки ҳар як яшт ба як йазат (Яздон, Эзит) мансуб буда, ба Аҳура Маздо, Ардвисура Анахито, Меҳр (Хуршед), Баҳром ва амсоли инҳо хос аст. Яшт калимаи хоси авестои буда, маънои ситоиш ва ниёишро дошта, ҳамагӣ 21 яшт то ба замони мо омада расидаанд. ЯШТҲО

  15. ВАНДИДОД • Вандидод аз калимаи форси миёнаи видевдат, ки аслан шакли вайроншудаи «ви даево датем» мебошад, ба вуҷуд омада, маънои қонуни зидди девонро дорад. Он аз 22 боб ибарат буда, ин бобҳо фаргард номида шуда , ба тариқи муколама иншо гардидаанд. Ин қисмати Авестопурсишҳои Зардуштвапосухҳои АхураМаздорофаромегирад. ВАНДИДОД

  16. ВИСПАРАД • Виспарад аз калимаи авестои висператаво гирифта шудааст, ки маънояшро бо тоҷики имруза « ҳамаи доварон» гуфтан мумкин аст. Аз ҷиҳати мазмун ин қисман ба Ясно каробат дорад. Он дуоҳоеро фаро мегард, ки дар ситоиши Яздон ва ниёиш ба даргоҳи он хос буда, ҳангоми тоату ибодати зардуштиён тиловат мегардид. ВИСПАРАД

  17. ХУРДАК - АВАСТО • Хурдак–Авесто аз ду калимаи Авестои хвартак (хурдак) ва апастак (Авесто) таркиб ёфта, баргузидаи тамоми Авесто мебошад. Онро дар замони Шопури II Сосони (309-379) муъбади мубадон Озарбади Маҳраспандонт дар 21 наск тартиб дода буд. Он ба ҳашт бахш ҷудо мешавад. Хурдак–Авесто дуоҳоеро фаро мегирад, ки ҳар як пайрави дини зардушти онҳоро бояд бидонад ва ҳангоми ибодат ба забон ронад. ХУРДАК АВАСТО

  18. ЗАРДУШТ Ё ЗАРАТУШТРА • Зартушт (Зардушт) - (дар Авесто Заратуштра ба таъбире ба маънии «дорандаи уштури зард» ва ба таъбири дигар «дорандаи рӯшноии зарринранг»), номи паёмбар ва бунёдгузори дини зартуштӣ ё маздопарастӣ ё дини беҳӣ ва сарояндаи «Готҳо» ё «Панҷ гоҳон» (куҳантарин бахши Авесто) аст.

  19. Реверси пули Ормизди II бонақши қурбонгоҳи оташудукоҳин

  20. ФАРАВАҲАР

  21. МАЗДАЯСНО • Зардушт дини худро Маздаясно, яъне парастандаи худои яккаю ягона Аҳурамаздо номидааст. Вожаи Аҳурамаздо аз ду бахш иборат буда, “аҳура” ба маънои ҳастӣ ва “маздо” ба маънои маниши нек, ростӣ, хирад, доно, дониш, худо, яъне худои ҳастибахш, сарвари доно ва довари ҳастӣ

  22. Аҳуромаздо ва Аҳриман • Дар оини Маздаясно ду гавҳари азалӣ ҳастанд, ки яке аз онҳо Аҳуромаздо – худованди офаридагори замину замон, некиҳо, судмандиҳо, ҳаёт, рӯшноӣ ва он чӣ барои инсон судманд аст, дигаре Аҳриман, ки ба офаридаҳои Аҳуромаздо олудагиҳои зарароварро ҳамроҳ менамояд.

  23. Аҳуромаздо бо фариштаҳои офаридааш ва Аҳриман

  24. МУБОРИЗАИ НЕКИВУ БАДӢ • Мувофиқи оини Маздаясно худованди некӣ – Аҳуромаздо ва фариштагонаш бо худованди бадӣ – Аҳриман ва девонаш, ки рамзи дурӯғ ва ҷоду мебошанд, ҳама вақт дар муборизаанд. Мубориза бо роҳи покӣ, ростӣ, намоз, корҳои нек ва судманд сурат мегирад.

  25. ФАРАВАҲАР Симои марди ришдор – оқилӣ, донишмандӣ Болҳои паҳлӯӣ фикрҳои нек, суханҳои нек ва корҳои некро мефаҳмонад. Инчунин маънои тарақиёт ва ташакуллро дорад. (парвоз) Дасти бардошта – вобаста будани интихоб танҳо аз ту ва ҳаракат ба пеш. Ҳалқаи даст – вафодорӣ ва ҳокимият ФИКРИ ХУБ Ҳалқаи байн – абадӣ будани коинот ва руҳ. КОРИ ХУБ СУХАНИ ХУБ Қувваҳои некӣ ва бадиро нишон медиҳад. НЕК БАД Думи поён - Фикр, сухан ва корҳои бад, ки ҳама вақт ба пастӣ мерасонад.

  26. ТАШАККУР! БА ДИҚАТАТОН

More Related